13 Август 2026 - 16:19
Source: ABNA
Мансабдори эронӣ: Гулӯгоҳи Ҳурмуз боз нест / Киштиҳо бо идоракунии Эрон ҳаракат мекунанд

Як мансабдори сиёсӣ ва амниятии эронӣ дар суҳбат бо матбуот эълом кард, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳанӯз баста аст ва Эрон дар сиёсати худ дар ин роҳи обӣ ҳеҷ тағйире эҷод накардааст.

Ба гузориши хабаргузории «Абно», як мансабдори сиёсӣ-амниятии эронӣ, ки ба номаш ишора нашудааст, ба шабакаи «Ал-Маядин» гуфт: «Гулӯгоҳи Ҳурмуз боз нашудааст ва Эрон ҳеҷ тағйире, ҳатто дар сатҳи ислоҳ, дар сиёсати худ дар ин гузаргоҳ эҷод накардааст».

Ин манбаъ ҳушдор дод, ки ҳар киштие, ки қоидаҳо ва тадбирҳои муқаррарнамудаи Эронро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз риоя накунад, бо огоҳӣ ва муносибатҳои мувофиқ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин мансабдори эронӣ идома дод, ки киштиҳои калон бо сабаби хатарҳои мавҷуд дар гулӯгоҳи Ҳурмуз имкони гузаштан аз ин роҳи обӣ надоранд.

Вай афзуд: «Агар ҳар киштие ба далели риоя накардани тадбирҳо ва қоидаҳои Эрон хато кунад, метавонад бо мушкилоти техникӣ ё хатарҳои марбут ба бехатарӣ рӯбарӯ шавад».

Ин мансабдор дар охир изҳор дошт: «Тоҳиди дубора ва қатъии мо ин аст, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз зери назорат ва идоракунии Эрон қарор дорад».

Your Comment

You are replying to: .
captcha